Мулоқот бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда
11 майи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда ва вазири давлатӣ оид ба маскунсозии Давлати Кувайт Мутлақ Найф Умар Абуруқба мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар самти энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла энергияи об ва офтобӣ баррасӣ гардиданд.