СОМОН ЭЙР: Ҳангоми сафар ва ё ворид шудан ба Тоҷикистон доштани ПСР-тести каронавирус ҳатмӣ мебошад

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ёдовар мешавад, ки  ҳангоми қайди чипта  пешниҳоди шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR».

Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд.

Дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд қайд шуда бошанд.

Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE