Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе Форуми сармояи инсонӣ ва Фестивали касбу кор доир мешавад

16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо мақсади рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин хусус дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи он Фестивали касбу кор барпо карда мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкатҳои давлатӣ ва хусусиву тиҷоратӣ вобаста ба ҷойи кор, имтиёзу бастаҳои иҷтимоӣ ва шароити дигари фаъолият суҳбат  намоянд.

Дар он барои аз даст надодани имкони дарёфти кор ва мулоқоти бевосита бо корфармо бояд дар сомонаи расмии www.joikor.tj  аз қайд гузашт. Хоҳишмандон метавонанд аз ин саҳифа ширкатҳои зиёдеро, ки ҷойи кор пешниҳод менамоянд,  пайдо кунанд ва санаи суҳбатро дар доираи ҳамин фестивал муайян созанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE