Сарвазири Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо Исматулло Насредин бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш мулоқот намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо Исматулло Насредин бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеа ва густариши ҳамкории назаррас байни ду давлат баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Покистон ва Тоҷикистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлон касб намуда, идомаи самарабахш меёбанд.

Дар ин замина ҷонибҳо омодагиашонро барои ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE