Кумитаи телевизион ва радио ба Мактаби махсуси шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ намуд
Дар арафаи Иди саиди Фитр роҳбарияти вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо дастгирӣ аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кӯмак намудан ба шахсони ниёзманд ба қишри камбизоати ҷомеа-ятимон, маъюбон, пиронсолон, бепарасторон дасти мадад дароз менамоянд.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати хуб ба Мактаби махсуси шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ намуд, ки иборат аз маводи хӯрока мебошад.