Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса

12-уми майи соли 2023 дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо зарурати густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро таъкид карда, баҳри вусъати ҳамкориҳо бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва тавлиди энергия аз дигар сарчашмаҳо, авиатсия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси шаҳрҳои ҳушманд, инчунин мубодилаи академӣ ва пажӯҳишӣ омодагӣ иброз намуданд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE