Дар Англия низ пойгаи қаҳрамонӣ ба интиҳо наздик мешавад
Дар интиҳои даври 36-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаи Ливерпул тими Лестерро ба шикаст ру ба ру кард. Аз ин пештар дар доираи ин даври пример лигаи Англия Манчестер Сити тавонист се имтиёзи заруриро аз Эвертон ситонад ва ба унвони қаҳрамонӣ дар кишвараш наздиктар шавад. Арсенал бошад бори дигар ба мағлубият дучор омада, имтиёзҳои заруриро аз даст дод.
Бо наздик шудани анҷоми мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Англия шиддат миёни дастаҳои муддаӣ меафзояд. Дар доираи даври 36-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол ҳамакнун дастаи садрнишини ҷадвали мусобиқа “Манчестер Сити” дар сафар бо тими “Эвертон” ру ба ру гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Гудисон Парк”-и шаҳри Ливерпул доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 3 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Илкай Гюндоган ду маротиба ва Эрлинг Ҳоланд ба самар расониданд. Дастпарварони Хосеп Гвардиола бо ин пирӯзӣ шиддати пойгаи қаҳрамониро дар Англия бештар карда, имкони қаҳрамоншавиро дар кишварашон пайдо карданд. Ҳамакнун, “Манчестер Сити” дар даври оянда рӯзи 21-уми май дар сурати пирӯзӣ муқобили “Челси” дар варзишгоҳи хонагиашон қаҳрамониро дар ПЛА таҷлил мекунанд. Гумон аст ки дастаи МС ин имкониятро аз даст хоҳанд дод.
Баракси МС дастаи «Арсенал»-и шаҳри Лондон, ки то ин марҳила талоши зиёдро барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ карда буд, ғайричашмдошти мухлисону коршиносони соҳа аз дастаи Брайтон ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Голҳоро дар ҳайати дастаи “Брайтон” – Хулио Энсисо, Дениз Ундав ва Пурвис Эступинян ба самар расониданд. Дастаи “Арсенал” айни замон бо 81 имтиёз дар ҷадвали Премйер-Лига дар ҷои дуюм аст. Ин мағлубият вазъияти дастаро барои қаҳрамони Англия шудан мушкилтар кард ва умед ҳам кам аст, ки онҳо муваффақ гарданд. Қаҳрамонии Арсеналро танҳо мағлубияти пай дар пайи рақибаш МС фароҳам меорад, ки гумон аст рух бидиҳад. Дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот “Манчестер Сити” ҳоло бо 4 имтиёзи беш аз лондониҳо мавқеъ гирифтааст. Дастаи “Брайтон” ҳоло бо 58 имтиёз бо 34 бозии анҷом дода, дар ҷои шашум аст.
Дар ниҳояти даври 36-уми пример лигаи Англия шоми гузашта дастаи Ливерпул дар сафар бо тими Лестер андари майдони рақобат шуд. Дар ин дидор, ки дар варзишгоҳи Кинг Пауэр доир гардид, Ливерпул ба дарвозаи рақиби худ се голи беҷавоб зада, пирӯзиро ба даст овард. Пирӯзии шогирдони Юрген Клопро Ҷонс бо иҷрои дубл ва Александр Арнолд таъмин намуданд. Бо ин пирузӣ Ливерпул шумораи имтиёзҳояшро ба 65 адад баробар карда, мавқеи панҷумро дар ҷадвал соҳиб шудааст. Лестер бошад ин мавсим натиҷаи хеле бад нишон дода дар 36 давр танҳо 30 имтиёз дорад ва дар сегонаи охири ҷадвал мавқеъ касб кардааст.
Дар ин давр дастаҳои Брентфорд бар Вест Хем, Фулхем бар Саутгемптон, Кристал Пелас бар Борнмут ва Астон Вилла бар Тотенхем пируз шуданд. Рақобати дастҳои Лидсу Нюкасл ва Челсиву Нотингем Форест бо натиҷаи мусовии 2:2 ҷамбаст шуданд.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе