Дар шаҳри Қазон масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Тотористони Федератсияи Русия баррасӣ гардид
Дар шаҳри Қазон ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия дар вохӯрии ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Тотористон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов баргузор гардид.
Сарвазири Тоҷикистон аз таҳкими муносибатҳо ёдовар шуда, онро ба сиёсати созандаву бобарори сарони ҳарду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин марбут донист.
Таваҷҷуҳи ҷониби Тотористон ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва дигар самтҳои барои ҷонибҳо манфиатдор ҷалб карда шуд. Дар Тоҷикистон барои равнақи робитаҳо заминаҳои муфид фароҳам оварда шуда, истифодаи пурраи имконият барои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ асос маҳсуб мешавад.
Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик таваҷҷуҳ намуда, пешравиҳои Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ шоистаи таҳсин донист. Ҷониби Тотористон барои равнақи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст ва оянда барои истифодаи имконияти истифоданашуда дар идомаи сиёсати созандаи сарони давлатҳо тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
Тавре аз таҳлилҳо бар меояд, ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳким ёфтааст. Табодули таҷриба ва равнақи робитаҳо дар самту соҳаҳои гуногун ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар форуми 14-уми байналмилалии иқтисодии Русия – Қазон-2023 барои рушди ҳамкорӣ муфид дониста шуд.
Дар Парки технологӣ, воқеъ дар шаҳри Қазон ба истифодаи мақсадноки технологияи муосир барои ҷавонону наврасон таваҷҷуҳ карда шуд.
Дар ин ҷой тавасути истифодаи технологияи нав ҷавонону наврасон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, истифодаи мақсадноки технологияи муосир, тавассути пешниҳоди барномаҳои шавқовар ҳавасмандгардонии наврасон ба ихтироъкорӣ, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод ва афзалияти технологияи нав дар тиҷорат ба роҳ монда шудааст.