Дар Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад

3 июн, аз соати 8:00 то 12:00 дар  Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии Тоҷикстандарт хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт баргузор шуда, дар он корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Озмун бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Дар он 76 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои марказ, ки дар даври минтақавии озмун ғолиб дониста шудаанд, иштирок менамоянд.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор мегардад.

Сокинону меҳмонони пойтахт дар баробари тамошои намоишгоҳ ҳамзамон имкон доранд аз маҳсулоти ширкатҳои истеҳсоли ватанӣ  харид намоянд.

АКС: Агентии Тоҷикстандарт

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE