Дар машқгоҳи таълимии кӯҳии «Марғоб» машқҳои ротавӣ-тактикӣ бо ҷалби афсарону сарбозон доир гардид

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тайёрии ҷангӣ ва вобаста ба татбиқи амалии Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар машқгоҳи таълимии кӯҳии «Марғоб»-и дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои ротавӣ-тактикӣ бо ҷалби афсарону сарбозони ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва гурӯҳи чорабиниҳои махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуд.

Тавре дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни машқҳои навбатӣ ҷузъу томи ҷалбгардида ба он вобаста ба ҳадафу вазифаҳои дар наздашон буда, ки асосан идора намудани амалиёти мусаллаҳона дар минтақаҳои мухталифи кӯҳӣ ва дараву мавзеъҳои касногузарро дар бар мегирад, амал намуда, тибқи матлаби пешбинигардида гӯё бо муайян намудани мавқеи паноҳбурдаи душманони шартӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва маҳалли аҳолинишин ба амалиёти тактикӣ шуруъ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташкили ин гуна машқҳои тактикӣ имкон медиҳад, ки хизматчиёни ҳарбии навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ фаъолияти ягонаи корӣ ва мукаммалгардонии сохтори идоракунии муштаракро дар ҳамоҳангӣ тарҳрезӣ намоянд. Ҳамзамон ин гуна машқҳои якҷояи ҳарбӣ воситае аст, ки афсарону аскарони ҷалбгардида бо ҳамдигар табодули донишу таҷриба намуда, баҳри якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва суботу оромии минтақа омодагӣ мегиранд.

Зимни ҷамъбаст аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ба афсарону сарбозони фаъол сипосномаву ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE