Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон

23 июли соли 2023 сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Салоҳварзӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, инчунин иштироки фаъолони иқтисодии Эрон дар форуму намоишгоҳҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE