ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд
Имрӯз, 1 июн маросими қуръакашии мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиён дар вазнҳои то 60 ва 66 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг ва 57 кг байни занон қувваозмоӣ менамоянд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои то 73 кг ва 81 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 63 кг ва 70 кг байни занон рӯи гилеми гӯштингирӣ мебароянд.
Дар рӯзи сеюм ҷудочиён дар вазнҳои то 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 78 кг ва беш аз 78 кг байни занон рақобат хоҳанд кард.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҳар як вазн 3000 евро, барандагони нуқра 2000 евро ва биринҷӣ 1000 евро ба даст хоҳанд овард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар ҳайати 34 варзишгар, аз ҷумла 28 мард ва 6 зан иштирок менамояд.
Натиҷаи қуръакашӣ барои ҷудочиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Мардон
То 60 кг:
— Меҳрзод Суфиев — Йолк Казирбек (Муғулистон)
— Ҳақдод Гулов — Юнес Саддики (Марокаш)
— Муҳаммад Маҳмадизода — Максим Мейрлан (Фаронса)
То 66 кг:
— Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Даниэл Капелюшник (Исроил) ва Сунгат Жубаткан (Қазоқистон) рақобат менамояд.
— Обид Ҷебов — Исмоил Мисиров (варзишгари фардии бетараф)
— Шаҳбоз Саидаброров — Ҷаслин Сингҳ Сайни (Ҳиндустон)
— Фирӯз Мелибойзода — Бобур Ваҷиев (Узбекистон)
То 73 кг:
— Беҳрӯз Хоҷазода – Оразгелди Уралов (Қазоқистон), даври дуюм
— Муҳаммадшариф Наҷмиддинов — Ҷавоҳир Сапаров (Узбекистон)
— Абубакр Шеров — Руслан Головач (варзишгари фардии бетараф)
— Мирзоҷамил Рамазонов – Адам Стодолский (Лаҳистон), даври дуюм
То 81 кг:
— Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Келл Берлинер (ИМА) — Ҳикматиллоҳ Тӯраев (Узбекистон) қувва меозмояд.
— Шодмон Ризоев — Де Риддер Мартена (Австралия)
— Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода — Павел Ҷимал (Лаҳистон)
— Сайфиддин Сайфиддинзода — Нуржан Биссенов (Қазоқистон)
То 90 кг:
– Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Вугар Талибов (Озарбойҷон) ва Егор Варапаев (варзишгари фардии бетараф) вомехӯрад.
— Ҷаҳонгир Маҷидов – Даниэл Бершадский (Исроил), дар даври дуюм
– Ҳақназар Назаров – Зуфарбек Уролов (Узбекистон)
— Акмал Муродов – Маттиас Мартин (Олмон), дар даври дуюм
То 100 кг:
— Абубакри Акобир – Златко Кумрич (Хорватия), дар даври дуюм
— Исроил Раҳимов — Матвей Каниковский (варзишгари фардии бетараф), дар даври дуюм
— Эмомризо Анварзода — Даниэл Мукете (варзишгари фардии бетараф)
— Рахматулло Мирзоев — Муҳаммадқодир Мансуров (Узбекистон)
Беш аз 100 кг:
— Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитский (варзишгари фардии бетараф) ва Исломбек Равшанқулов (Узбекистон) рақобат менамояд.
— Мансур Раҳмон — Магомедомар Магомедомаров (АМА)
– Иброҳим Элмуродов – Яш Виҷайран (Ҳиндустон)
— Шакармамад Мирмамадов — Ҷамол Гамзатхонов (Озарбойҷон), дар даври дуюм
Занон
То 48 кг:
— Шукрона Карчиева — Вонг Ка Ли (Ҳонконг)
— Мадина Қурбонзода — Асмита Дэй (Ҳиндустон)
То 52 кг:
– Аҳлия Мӯъминова – Йингвей Лю (Чин)
То 57 кг:
— Шоҳида Қаландарова — Батсух Алтантсетсег (АМА)
— Фазилат Гулбоева — Ксения Галитская (варзишгари фардии бетараф)
То 63 кг:
— Мавлуда Одинаева — Дарханбатбаяр Есуи (Муғулистон)
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон