Ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд

5-6 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузории ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

Дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур доир намудани нишасти матбуотӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, ки ҷаласаҳои Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир шуда, дар он нақшаҳои корӣ ду сохтор барои соли оянда тасдиқ мегардад. Ин мушовараҳо бонавбат, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор карда мешаванд.

Ин ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE