Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи пленарии Ҳамоиши Авруосиё дар Сочи иштирок намуд
9 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҷаласаи пленарии Ҳамоиши Авруосиё — 2023 таҳти унвони «Аврупо ва Осиёи оянда: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири мамлакат аз имконияти мусоиди сармоягузорӣ ва иқтидорҳои иқтисодию саноатӣ ва энергетикию кишоварзии Тоҷикистон ёдовар шуда, барои таҳкими ҳамкории байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, логистика, техника ва технологияи нав, ки барои ҳамаи давлатҳои минтақаи Авруосиё афзалиятнок мебошанд, пешниҳодҳои мушаххас намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои таъминкунандаи рушди устувори ҳамаи давлатҳои минтақа ҳавасманд буда, омодаи ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
Барои тақвияти ҳамкорӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди «иқтисоди сабз», бунёд ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва аз лиҳози экологӣ бехатар дар Тоҷикистон ва содироти он ба давлатҳои минтақаи Авруосиё низ таклифу пешниҳодҳои муфид карда шуд.
Доир ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», татбиқи самараноки Стратегияии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, тадбирҳои гузариш аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат сухан гуфта, Сарвазири мамлакат, аз ҷумла ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои воридот ва ҷалби технологияи муосири ҷаҳонии коркардкунандаи ашёи хоми маҳаллӣ таъкид намуд.
Дар ҷаласаи пленарии Ҳамоиши Авруосиё таҳти унвони «Аврупо ва Осиёи оянда: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои расмии иштирокчии Ҳамоиши Авруосиё-2023 суханронӣ намуда, доир ба тақвияти ҳамкории байниҳукуматии давлатҳо дар минтақаи иқтисодии Авруосиё таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 9 июн Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар вохӯрии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо роҳбарони ҳайатҳои расмии иштирокчии ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё иштирок намуд.