ҶУДО. Мунтахаби Тоҷикистон дар «Russian Judo Tоur-2023» иштирок менамояд
24-25 июн дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian Judo Tоur» баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тибқи низомнома, дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг байни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг байни бонувон сабқат менамоянд. Рӯзи дуюм мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гўштин мегиранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Ҳакдод Гулов (дар вазни -60 кг), Суҳроб Боқиев (дар вазни -66 кг), Абубакр Шеров (дар вазни -73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (дар вазни -81 кг), Улуғбек Раҳимов (дар вазни -100 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Дар мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон