Дар Бадахшон чорабинии «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» идома дорад
Аз 16 то 23 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустиву варзишӣ ва суҳбату вохўриҳо бо сокинон таҳти унвони «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» идома доранд. Дар доираи ин чорабиниҳо, аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои фарҳангии дастаҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои Театри давлатии ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 ва 16 июни соли равон барномаҳои консертии ҳунармандони Филармония давлатии ба номи А. Ҷӯраев, ансамбли эстрадии «Гулшан», ансамблҳои рақсӣ дар қисми низомӣ ва байни мардуми санъатдӯсти ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Мардуми сарбаланди ноҳия аз барномаҳои таҳиянамудани ҳунармандон гарму самимӣ истиқбол намуда, бо шукргӯзорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати мамлакат дар ҳавои суруду таронаҳои ҳунармандон мерақсиданду хушҳолӣ мекарданд.
19 июн дар ноҳияи Мурғоб ва 23 июн дар шаҳри Хоруғ низ чунин барномаҳои бошукуҳи консертӣ доир мегарданд.
Барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят идома дошта, дар назар аст, ки дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа низ баргузор гарданд.
21 июн дар ноҳияи Ишкошим ва 22 июн дар шаҳри Хоруғ Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ намоиши “Зан ва дузд”-ро манзури тамошобинон хоҳад намуд.
23 июн дар шаҳри Хоруғ баргузории мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо роҳбарони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва собиқадорони вилоят ва ҳамчунин Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он дар назар дошта шудааст».
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон