Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид
Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 бо баргузории се бозии даври панҷум анҷом ёфт. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии марказии даври панҷум «Соро компания» бар «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуд.
Дар бозии дигар футзалбозони «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан» чордаҳ гол заданд.
«Самандар»-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро дар мавсим ба даст овард.
Ҳамин тариқ, пас аз марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон ду даста – «Истиқлол» ва «Соро компания» бо 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор доранд.
Дар робита ба иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати мамлакат танаффус эълон шуд. Марҳилаи дуюми Суперлига аввали моҳи август оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон