Медали нуқраи Екатерина Ишенко дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Варзишгари тоҷик – Екатерина Ишенко ба даври ниҳоии рақобатҳои тенниси рӯи миз дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ роҳ ёфт. Ишенко миёни параолимпичиён Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Аз намуди пара-тенниси рӯи мизн танҳо Екатерена Ишенко аз кишвари мо ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.
Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Ёдовар мешавем ,ки дар рӯзи чоруми 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия рӯзи 12-уми август варзишгарони мо се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Медали нуқраро иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ – бо натиҷаи 7.86 метр сазовор шуд.
Дар гӯштини юнонӣ-римӣ варзишгарони мо Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.