Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлат сараввал сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкурро ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурдаро вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои миллат инчунин масъалаи дар ҳар оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии зироати кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE