Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ чор медал гирифтанд

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ варзишгарони навраси тоҷик чор медал, аз ҷумла ду тилло ва ду биринҷӣ гирифтанд. Чемпионати мазкур аз 12 то 20 июли соли равон дар шаҳри Аммони давлати Урдун байни варзишгарони то 15-сола ва то 20-сола баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки медалҳои тиллоро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Дамир Отаев дар вазни 44 кг ва Алишер Рӯзимадов дар вазни то 75 кг ба даст оварданд. Амирҷон Обидов дар вазни 52 кг ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кг сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Мусобиқа барои дигар аъзои мунтахаби Тоҷикистон — Мурод Мунимӣ (вазни 41кг), Маҳдӣ Баротов (48 кг) Алиҷон Мирғиёсзода (62 кг) ва Ғаниҷони Шероз (68кг) анҷом ёфт.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE