Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Арабистони Саудӣ иштирок менамояд

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6 то 16 июн дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаҳои Либия (6 июн), Арабистони Саудӣ (8 июн) ва Алҷазоир (10 июн) мебошанд.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи «C» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ дохил аст.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми кишварҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюмро ишғолкарда ба даври плей-офф роҳ ёфта, ҷуфҳои даври чаҳорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Либия, ТОҶИКИСТОН.

Гурӯҳи «В»: Марокаш, Комор, Кувайт, Лубнон.

Гурӯҳи «C»: Миср, Мавритания, Фаластин, Ироқ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE