МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) ДАР АНТАЛИЯ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ МЕГУЗАРОНАД

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Анталияи Туркия ҷамъомади омӯзишии дуҳафтаина доир мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия, ки аз 8 то 24 январ баргузор мешавад, мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ҳарифони наврасони мо дертар эълон карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад. Рақибони наврасони кишвар дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.

Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE