Замони оғози бозиҳои «CAFA Futsal Cup-2023» дар Душанбе тасдиқ гардид

 Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро, ки аз 23 то 28 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ намуд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби шаш мамлакати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Иштирокчиён:

ТОҶИКИСТОН

Эрон

Узбекистон

Қирғизистон

Туркманистон

Афғонистон

Даври 1
23 июл (якшанбе) 

12:00 Қирғизистон – Афғонистон

15:00 Эрон – Туркманистон

18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2
24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Узбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Даври 3
26 июл (чоршанбе) 

14:00 Туркманистон – Узбекистон

17:00 Афғонистон – Эрон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4
28 июл (ҷумъа)

14:00 Эрон – Узбекистон

17:00 Қирғизистон – Туркманистон

20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
30 июл (якшанбе)

14:00 Туркманистон – Афғонистон

17:00 Узбекистон – Қирғизистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE