Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарони то 20-сола

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аввалин мусобиқа дар соли 2021 баргузор мешавад. Аз 11 то 17 июн дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарони то 20-сола доир мегардад. 5 даста барои унвони чемпионии минтақа талош мекунанд. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур мунтахабҳои бонувони ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат менамоянд. Дар доираи Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон 10 бозӣ анҷом дода мешавад. Мусобиқа аз рӯи ситемаи даврӣ дар як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон (U-20)

1-ум давр

11 июн (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН

Ӯзбекистон – Афғонистон

2-юм давр

12 июн (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Ӯзбекистон – Қирғизистон

3-юм давр

14 июн (душанбе)

Афғонистон – Эрон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

4-ум давр

15 июн (сешанбе)

Қирғизистон – Афғонистон

Ӯзбекистон – Эрон

5-ум давр

17 июн (панҷшанбе)

Эрон – Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE