МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) ДАСТАИ МУҒУЛИСТОНРО БО ҲИСОБИ КАЛОН МАҒЛУБ НАМУД

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бар тими Муғулистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард. 

Аз ҳайати тими мо Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов гол заданд. Як голи дигарро муғулҳо ба дарвозаи худ заданд. 

Дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рӯзи 9 октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «H». Даври 1

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН – 0:3

Голҳо: Итгел Балчиндорж, 28 – автогол (0:1). Абубакр Сулаймонов, 45 (0:2). Шеравган Саидов, 48 (0:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон).

5 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошобин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE