Дар Душанбе Нишасти солонаи марказҳои Орхус доир мешавад

Масъалаи баргузории Нишасти солонаи марказҳои Орхус, ки 17-18 октябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, 13 июл дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар Нишасти солонаи марказҳои Орхус дар Душанбе баррасии се масъалаи асосӣ: нақши марказҳои Орхус дар ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мавзуи пешбурди усулҳои иқтисоди «сабз» ва масъалаи идоракунии партовҳои хатарнок бо иштироки намояндагони қариб 60 маркази Орхус аз 14 мамлакат дар назар аст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барномаи гузаронидани Нишасти солонаи марказҳои Орхус дар Душанбе рӯзҳои наздик аз ҷониби САҲА омода ва ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE