Дар Кореяи Ҷанубӣ бар асари боронҳои пуршиддат ярҷу обхезӣ ба амал омад

Дар Кореяи Ҷанубӣ бар асари боришоти шадиди борон тайи як ҳафтаи ахир ярчу обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷа 26 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон нафари дигар  хонаҳои худро тарк карданд.

Вазорат умури дохилӣ ва амнияти ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар музофоти Кёнсанги Шимолӣ, ки дар шарқи нимҷазираи Корея ҷойгир аст, ҳалокати 16 нафар ба қайд гирифта шуда, даҳ нафари дигар бедарак шудаанд. Аксари онҳо дар натиҷаи ярч ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ки роҳҳои ҷамъиятӣ, хонаҳо ва киштзорҳои деҳқонӣ низ бар асари обхезии шадид осеб диданд.

Хабаргузории Йонхап гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Нонсани музофоти Чунчхони ҷанубӣ ду нафар бар асари фурӯрезии биноашон ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати умури дохилии Кореяи Ҷанубӣ гуфт, дар саросари Кореяи Ҷанубӣ то аввали рӯзи якшанбе беш аз 5 ҳазор  нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк намуда паноҳгоҳҳои муваққатӣ ҷустуҷӯ кунанд. Илова бар ин, ба гуфтаи хабаргузории Yonhap, ҳудуди 8 ҳазору 300 хонавода дар чаҳор музофоти ин кишвар бе нерӯи барқ мондаанд.

Сарвазири Кореяи ҷанубӣ Ҳан Дак Су ба мақомот амр дод, ки афродеро, ки дар манотиқи зери ярч қарор доранд, ба ҷойҳои амн кучонад.

Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки соли гузашта дар Сеул пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, борони рекордӣ сабт шуда буд , ки хонаҳо, роҳҳо ва метроҳоро зери об монда, дастикам 9 нафарро ба ҳалокат расида буд.

Олимон ҳушдор додаанд, ки басомад ва шиддати боришоти шадиди борон дар саросари Осиёи Шарқӣ афзоиш меёбад, зеро бӯҳрони иқлимӣ, ки аз ҷониби инсон ба вуҷуд омадааст, эҳтимоли ҳаводиси шадидро суръат мебахшад.

Агентии обу ҳавои Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар дар охири ҳафта борони шадид идома хоҳад ёфт. Кишварҳои саросари ҷаҳон аз сар задани ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз ҷумла ҳарорати рекордӣ ва обхезӣ идома доранд.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE