Эълон: Аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет танҳо тариқи ғайринақдӣ қабул карда мешаванд
Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, аз ҷумла пардохти андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет танҳо тариқи ғайринақдӣ қабул карда мешаванд.
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ аз суратҳисобҳои бонкӣ ва шахсони воқеӣ аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва замимабарномаҳои мобилӣ истифода намоянд.