Роҳи Душанбе – Чаноқ кушода шуд
Ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд баъд аз қариб як рӯзи маҳдудият, аз нав барқарор гардид, иттилоъ дод ширкати IRS.
Ба иттилои ширкат, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи пулакӣ мебошад, тайи қариб шабонарӯзи охир зиёда аз 20 тармаро бартараф намудаанд.
IRS афзуд, ки дар навбати аввал аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд автомобилҳо ҳаракатро шурӯъ намуданд. Паҳноии баъзе аз тармаҳо аз 100 метр зиёдтар буд, шарҳ дод ширкат.
Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе – Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масир шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахиран ҳушдор дод, ки то 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ҳамзамон ноҳияҳои ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бинобар ин, кумита аз шаҳрвандон хост, то ин муддат аз сафари бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар рӯзҳои хавфи омадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ постгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, то сари вақт ба ронандагон ва мусофирони дармонда кумак расонанд.