Дар ноҳияи Мурғоб боғи фарҳангӣ-фароғатии “Истиқлол” ба истифода дода шуд
10 октябри соли 2023 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб боз як иншооти муҳими маишӣ – боғи фарҳангу фароғатии “Истиқлол” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ барои тафреҳу гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ сохта гардида, дар он майдончаи бозии кӯдакона, миз барои нишаст, саҳна барои намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҷой дода шудааст.
Дар маросими кушодашавии боғ, намоиши дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, бонувони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ 546, 6 ҳазор сомонӣ масраф гардида, дар ояндаи наздик ин макон ба яке аз ҷойҳои тамошобоб ва тафреҳии ноҳия табдил меёбад.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ифтитоҳи боғи фарҳангиро барои сокинони ноҳия табрик гуфта, таъкид кард, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия куллан дигар шуда, то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ноҳия ба таври шинохтанашаванда рушд хоҳад кард.
Дар навбати худ, сокинони ноҳия миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон иброз намуданд.