Амрико ба Тоҷикистон 59 контейнер таҷҳизоти энергетикӣ супорид

Дар Душанбе маросими супоридани 59 контейнер таҷҳизоти трансформаторӣ ба маблағи $4.5 миллион доллар аз ҷониби ЮСАИД ба Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус Сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари манбаъ, таҷҳизоти трансформаторӣ дар зеристгоҳҳои калидӣ насб шуда, ба коҳиш додани талафоти техникӣ аз изофабори шабакаҳои интиқол ва таъмини устувору боэътимоди неруи барқ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти трансформаторӣ таъкид гардид, ки неруи барқ омили асосии рушди иқтисодӣ ва устуворӣ мебошад. Он ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф, оби тоза ва дигар соҳаҳои афзалиятнок, ки барои таъмини сатҳи баланди сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд, мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE