Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо дабири кулли ИДМ

3 августи соли 2023 дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода бо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.

С.Лебедев сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Беларус муваффақият орзӯ намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE