Имрӯз даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «АНДАЛЕБ-2023» оғоз меёбад

 Аз 11 то 18 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

11 август шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ, 12 август шаҳри Хуҷанд ва  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 13 август ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Шуғнон,   14 август шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшон, 15 август ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Мастчоҳ, 16 август ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Файзобод ҳамарӯза соати 18:00 фестивал-озмунро манзури тамошобинони пойтахт менамоянд.

Инчунин  17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ  ва  18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE