Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон

8 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон Девид Спроулро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи вазъи кунунии Афғонистон, ҳамчунин роҷеъ ба тасмимҳои Тоҷикистон дар бобати таҳкими марз ва муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE