“IRS” ДАР ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ САҲМГУЗОР АСТ

Бо ибтикори “IRS” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар шаҳру навоҳии минтақаи Суғд дар масири Душанбе-Чанок қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии партов гузошта шуд.

Чунин қуттиҳо асосан дар минтақаҳое гузошта шудаанд, ки барои ронандагону мусофирон ва сайёҳону истироҳаткунандагон дастрас мебошанд. Насби онҳо имкон фароҳам меорад, ки канори шоҳроҳ, минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта шаванд. Ҳоло дар канори шоҳроҳи мазкур минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ин ҷода беш аз 30 қуттии махсус барои партов насб шуда, ояндаи наздик теъдоди онҳо ба 70 адад хоҳад расид.

Роҳи Душанбе – Чанок, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консессионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, аз минтақаҳои сайёҳии кишвар мегузарад. Боиси ифтихор аст, ки Ватани маҳбубамон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш сайёҳонро мафтун кардааст.

Сайёҳон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Гулобод», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Кохи Малика» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд. Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он барои ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ омили калидӣ маҳсуб мешавад.

Далелҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

Ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки бо насби чунин қуттиҳо барои партобҳои пластикӣ дар масири зикршуда зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қад-қади роҳ ва ҷуйборҳо хеле зиёд ба назар мерасид, коҳиш ёфтааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ боиси фоҷиаи экологӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ таркиб ёфтаанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад.

Аз ин лиҳоз, иқдоми зикршудаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ибтикори қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш ва муҳиму самарабахш баҳри ҳифзи муҳити зист арзёбӣ намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE