Тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба 36 оилаи аз офати табии заррардидаи ноҳияи Фархор
Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба 36 оилаи аз офати табии зарардидаи ноҳияи Фархор калиди хонаҳои истиқоматӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.
Бояд ёдовар гардид, ки хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда,ғамҳории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, барои оилаҳои зарардида тақдим гардид.