Дар Хоруғ Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ расман ба фаъолият пардохт
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти таиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар радифи ин сафар ҳамчунин бо иштироки Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ як қатор иншоот дар маркази вилояти шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуд. Баъди васлу насби таҷҳизоти муосир корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои вилоят низ ба кор дароварда шуд.
Баъди танаффуси тӯлонӣ барои нахустин КВД Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои вилоят дар пайи баргузории чорабинии расмӣ ва пахши тугма ба кор оғоз кард. Боиси қайд аст, ки дар ибтидои солҳои 90-ум Матбааҳои вилоят чун дигар корхонаҳои истиеҳсолӣ ба муфлисшавӣ рӯӣ оварда фаъолияташро мутаваққиф намуд.Ниҳоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои корхона азнавсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири чопӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Дар баробари дастрас намудани дастгоҳҳои муосири чопӣ корхона имконият пайдо намуд, ки аз ин ба баъд рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин Матбаа ба нашр расонанд. То ин муддат табъу нашри рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар макрази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба роҳ гузошта шуда буд, ки барои кам кардани хароҷот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муассисаи навтаъсиси истеҳсолӣ дар ин самт муассир арзёбӣ мегардад.
Нашри рӯзномаҳо асосан тариқи дастгоҳи “Роланд 200”-и истеҳсоли давлати Олмон ба роҳ монда шуда, ин дастгоҳ бо сармояи наздики 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ ”Ноширон”- и шаҳри Душанбе тариқи шартнома дастраси Матбааҳои вилоят гардидааст. Дастгоҳи мазкур имконият дорад, ки дар баробари чопи рӯзномаву маҷалла инчунин чопи китобҳои калонҳаҷмро ба тариқи маъмулӣ ва ранга низ ба нашр расонад. Лозим ба ёдоварист, ки тавассути дастгоҳи мазкур дар баробари чопи рӯзномаи вилоятии “Бадахшон” ҳамчунин нашри ҳафтаномаи шаҳрию ноҳиявӣ низ ба роҳ гузошта мешавад.
Дар баробари ин ҳамчунин дастгоҳҳои чопии “Ризограф”-и давлати Ҷопон, ки барои чопи теъдоди аз 100 то 500 адад китобу маҷалла инчунин иҷрои дигар фармоишҳои чопии хурд ва дигар дастгоҳҳои қоғазбурию ширешкунӣ пешбинӣ гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.Лозим ба ёдоварист табъу нашри рӯзномаи вилоятӣ аз солҳои 30-юми асри гузашта ба роҳ монда шуда, нахустин бор 2-юми сентябри смоли 1931-ум рӯзномаи “Бадахшони сурх” бо хати форсӣ, сипас бо ҳуруфи лотинӣ ва баъдан бо хати сирилик нашр гардида дар инъикоси ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоят нақши умда дошт.
Дар маросими ба истифода супоридани Матбааи истеҳсолӣ ҳамчунин намоиши дастовардҳои соҳаи табъу нашри шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуд. Котиби шӯърои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят қайд доштанд, ки барои боз ҳам васеъ намудани фаъолияти ин муассиса чораҳои иловагиро роҳандозӣ хоҳанд намуд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти КВД Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои вилоят мулоқоти озод бо кормандони Матбаа ва рӯзномаҳои вилоятӣ инчунин бошандагони маҳалаи Заводи нон доир гардида, қайд шуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , шаҳри Хоруғ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида дар давоми 2 соли охир соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ба таври бесобиқа тавсеа ёфта истодааст.