Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид

 Дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шаҳр намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, кишоварзон, варзишгарон ва амсоли инҳоро ба маърази намоиш гузоштанд, ки ба намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон писанд омаданд.

Меҳмонон аз барномаҳои рангини наврӯзӣ ба ваҷд омада, онро беҳтарин оине маънидод намуданд, ки халқҳоро ба ҳам оварда, сулҳу ваҳдатро таҳким мебахшад.

Ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва оини суннатии ниёгони тоҷикон бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

Базми наврӯзиро ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо барномаи консертии иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Тоҷикистон, баҳору Наврӯз ва зебоиҳои табиати нотакрори мамлакат рангину ҷаззоб намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE