ГУСЕЛИ ДАЪВАТШАВАНДАГОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси хушҳоли ва сарфарозист, ки ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тули солҳои охир сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ афзуда, нақшаи даъват дар як рӯз 100% иҷро мегардад. Ва ин ҷавонони боғайрати ноҳия ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, сарбаландона адои хизмат менамоянд. имрӯз нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100% иҷро гардид.
Бо ин мақсад ба хотири болидахотирии наваскарон ва падару модарони онҳо дар Қасри Фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ доир гардид.
Чорабиниро Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оғоз намуда, ба наваскарон ва волидони онҳо барои тарбияи баланди фарзанд дар самти Ватанпарварӣ изҳори сипос намуданд.
Инчунин дар ин чорабини Комисари ҳарбии ноҳия Фируз Акбарзод ва наваскар баромад ва сузанронӣ намуданд.
Фаъолон ва масъулони ин самт бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои Ватанпарварии худ руҳияи иштирокдоронро болида намуданд.