Эълони баргузории брифинг дар Вазорати корҳои хориҷӣ

30 августи соли 2023 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, хоҳишмандем намояндагони воситаҳои ахбори омма то 28 августи соли 2023, соати 17:00 ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо телефони 221-83-95 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE