Бар асари боронҳои пуршиддат дар якчанд минтақаи Тоҷикистон сел омад

Бориши шадиди 27 августи соли равон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод сабаби  фаромадани сел, сангрезӣ ва ярч гардид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ сабт шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин ҳодиса имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамин тариқ, боронҳои шадид дар мавзеи Шӯрақсои ҳудуди Хуҷамбиёи поёни шаҳри Душанбе сабаби фаромадани сел шуда, об ба қитъаҳои наздиҳавлигии биноҳои истиқоматӣ ворид шуд ва роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати бозори Кӯшониён)-ро баст.

Дар айни замон бо ёрии техникаи хадамот роҳи ноҳия тоза шуда, ҳаракати мошинҳо дар канори он барқарор гардидааст. Бар асари омадани сел аз дарёи Харангон ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳи шафати ин мактаб зарар дидаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино бар асари бориши шадид роҳи байни Лучоби боло ва ноҳияи Варзоб баста шуд.

Бо ёрии техника вазъияти ба амаломада барҳам дода шуд. Чунин вазъият дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ сабт шудааст.

Дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо ва Аҳмади Дониш дар натиҷаи боронгарии шадид роҳи мошингард пур аз об шуд. Ҳоло корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба анҷом расиданд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе талафоти ҷонӣ сабт нашудаанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод 27 август, тахминан соати 19:10 бар асари бориши шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ мегузарад, пули байни дараҳо дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт. Бо ҷалби экскаватор соати 22:00 вазъият бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин шуд.

27 август, тахминан соати 19:10 дар натиҷаи бориши шадид километрҳои 2, 3, 4 ва 18-и шоҳроҳи Лаби Ҷар — маркази ноҳияи Сангвор зери об монданд. Бо ёрии техника роҳ тоза шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.

27 август, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи бориши шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел ба амал омад. Бо кумаки таҷҳизоти муҳандисии хадамоти роҳдории IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.

Тахминан соати 16:30 дар натиҷаи бориши тӯлонӣ дар километри 21-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд омадани сел ва фаромадани ярч сабт шуда, дар натиҷа 15 мошин зери лой мондааст.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои вазъ таҷҳизоти муҳандисии IRS ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ якҷоя амал намуда, соати 02:00-и 28 август вазъ ба эътидол оварда шуд ва ҳаракати роҳ дар ду самт барқарор гардид.

Инчунин дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумита ҷалб гардида, роҳи деҳаи Буваки Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ аз гил тоза шуд.

Дар ҳудуди деҳаи Лучоби маҳаллаи Гулбоғ-1 ва деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғи сел ба якчанд биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ қисман хисорот ворид гардидааст.

14 мошин дар назди биноҳои истиқоматӣ дар зери лой монд. Ҳоло дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми хисороти расидаро муайян менамояд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ сел омада, ба хона ва заминҳои сокинони маҳаллӣ қисман хисорот ворид намуд.

27 август, соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи омадани сел Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит зарар диданд. Зиёда аз 100 хонавода аз ин шаҳракҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Аммо, мутаассифона, 11 нафари онҳо (3 зан, 8 мард) бар асари офати табиӣ ҳалок шудаанд. Ду шаҳрванд аз мошини ғарқшуда наҷот дода шуд.

Дар ин ҷо 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни аҳолинишин ва иншооти муҳофизатӣ низ зарар дидаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми хисоротро муайян менамояд.

Дар ҳудуди деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ тахминан соати 22:00 бо омадани сел заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст. Таҳхонаҳои сокинони маҳаллии деҳаҳои Маърифат ва Чинаки Ҷамоати деҳоти Чортеппа низ аз об пур шуд.

Тақрибан соати 23:00 дар деҳаи Дараи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар натиҷаи омадани сел 15 мошин зери лой монда, мутаассифона, ду нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди Рашт ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд омадани сел сабт шудааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии осебдида комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода кор менамоянд.

Бо дастури Сарвари давлат муовини Сарвазир, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалли ҳодисаи фавқулода- ба  шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд.

Дар натиҷаи бориши зиёд хатари фаромадани ярч, сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии алаф дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, ҳушёр бошанд. Аз аҳолӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки заҳбуру каналҳои назди биноҳои истиқоматиро тоза намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE