Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025», ки дар Маркази намоишгоҳии шаҳри Душанбе «Dushanbe Expo Center» доир гардид, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус аз Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд.
Ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омад.
Меҳмонон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2025» аз 13 то 15 ноябр идома ёфт. Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

