Сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон анҷом ёфт


Имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал , ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба Тошканд баргашт, хабар медиҳад хабарнигори Радиои Садои Душанбе Фирӯз Каримзода.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE