Вокуниши ВКХ ҶТ ба ходимони сиёсии Қирғизистон: нисбат ба гуфтаҳо дар бораи марз бо эҳтиёткории зиёд муносибат кунед

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуфтаҳои охири баъзе сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё сарчашмаи интиқоли манбаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад, вокуниш нишон дод.

Аз ҷумла, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз паҳн карда шуд, омадааст: «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони охири ходимони сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё сарчашмаи интиқоли манбаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таваҷҷуҳ намуда, зикр мекунад, ки раванди делимитатсия ва демаркатсияи хатти гузаргоҳи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом нарасидааст. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома доранд.

Қитъаи қаламраве, ки сарчашма аз он мегузарад ва аз ҷониби вакили Жогорку Кенеш ёдоварӣ шудааст, то ба охир расидани ҷараёни делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тақсимнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар айни замон, дар бораи аз ҷониби як тараф ба тарафи дигар додани як минтақаи баҳсӣ ягон сухан намеравад.

Вазорат аз сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя даъват кардааст, ки нисбат ба гуфтаҳо дар бораи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо эҳтиёткории зиёд муносибат кунанд, зеро паҳн кардани иттилооти носанҷида метавонад ба ноустувории вазъ дар қаламрави марзии ду давлати бародар мусоидат намояд».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE