Сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Тоҷикистон анҷом ёфт


Имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал , ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз шаҳри Душанбе ба Остона баргашт, хабар медиҳад хабарнигори Радиои Садои Душанбе Фирӯз Каримзода.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаево Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE