Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашн гирифта шуд
16 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Ҷопон таҷлил гардид. Дар ин хусус дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки ин рӯйдоди бузург миллати тоҷикро баъд аз қарнҳо муҷаддадан соҳиби давлати соҳибихтиёр гардонид.
Иброз гардид, ки рушд ва дастовардҳои замони Истиқлол таърихан бесобиқа мебошанд ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон