ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ менамояд

Имрӯз, 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 мебошад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мизбонони рақобат- футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг ба варзишгоҳ мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24,  чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE