Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Қазоқистон доир мегарданд

20-21 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Рӯзҳои кинои Қазоқистон 20 август, соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ» ифтитоҳ меёбанд.

21 август, соати 10:00 филми «Амалиёти Набот» ва  соати 17:00 филми «Дос Мукасан» дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров» намоиш дода мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE