Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз дар Туркия муаррифӣ карда мешавад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023», ки дар Ҷумҳурии Туркия доир мегардад, гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бузурги байналмилалӣ аз боғи дарахту гулҳо ва толори намоишӣ иборат буда, дар баробари боғу гулзор дар он, ҳамчунин молу маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ -сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ ва имконияти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешавад.
Аз Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Раҳмон Исломиддин иштирок менамояд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023», ки байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия 13 сентябри соли 2022 ба имзо расида буд, ташкил гардид.
Дар доираи намоишгоҳ Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷевдет Йилмаз, Вазири кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Туркия Иброҳим Юмакли, Раиси вилояти Қаҳрамонмараш Хайреттин Гунгор ва дигар шахсони расми ба ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин бо раиси ноҳияи Оникишубат Ханифе Маҳчичек баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба имконияти рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркия, алалхусус ноҳияҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноати сабук ибрози назар намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» то 14-уми январи соли 2024 идома меёбад.