Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 44-уми Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ иштирок намуд
6 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 44-уми Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) дар доираи 25-умин Маҷмаи умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) доир гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) яке аз 7 кумитаи асосии Созмон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми масъалаҳои вобаста ба муколама, мубодилаи иттилоот ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар иртибот ба узвияти шарикӣ (affiliate membership), ки ба он зиёда аз 500 ширкати давлатҳои олам, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ аъзо мебошанд, баррасӣ мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо, ки таҳти сарпарастии ҳукумати Булғористон аз 31 май то 2 июни соли 2023 дар шаҳри София доир гардид, дар қатори Ҷумҳурии Узбекистон ва Шоҳигарии Испания узви Раёсати Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид.